Дар Душанбе ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи XXXII Шурои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шуро намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён масъалаҳои иҷрои муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 анҷом дода шуд.
Дар ин замина дурнамои гузариш ба шакли электронӣ дар хизматрасонии консулӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронии шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






