Дар Душанбе ҷаласаи XI Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи XI Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нахустин Мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни брифинге, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ин ҷаласа доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Барои иштирок дар нишастҳо вазирони соҳавии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳамчун меҳмон Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват шуда, ҷаласаҳо таҳти раисии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд.
Зимни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди соҳаҳои саноати мошинсозии вазнинро таҳия намуд. Пас аз мувофиқа он ба рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки баргузории он 5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ворид карда шуд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шуро оид ба сиёсати саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз масъалаҳои муҳими ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи саноат, рушди шарикии саноатӣ ва кооператсия, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маводи ояндадор барои соҳаҳои баландтехнологии саноатӣ, табодули рақамии маҷмуи кӯҳӣ- металлургӣ ва кимиёвии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада оид ба рушди киштисозӣ ва саноати мошинсозии нафту газ ва кимиё, инчунин дигар масъалаҳои муҳим иборат аст.
Дар назар аст, ки гузориш дар бораи фаъолияти ташкилоти заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар саноати нафту газ, кимиё, маъдан ва металлургия, саноати нассоҷӣ ва сабук, масолеҳи муосир ва коркарди такрории саноат, инчунин дар соҳаи таҳия, таҳқиқот ва татбиқи маводи сохтории муҳандисӣ ва истифодашаванда шунида шавад.
Ҳамзамон ташкилоти заминавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самтҳо Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И.М.Губкин, Донишгоҳи техникӣ-кимиёвии Русия ба номи Д.И.Менделеев, Донишгоҳи миллии таҳқиқотию технологии «МИСиС», Маркази инноватсионии илмию истеҳсолии саноати нассоҷӣ ва сабук «Пажӯҳишгоҳи Курчатов» мебошанд, ки дар ҷаласа иштироки ректорони ин донишгоҳҳои соҳавӣ дар назар аст.
Баргузории нахустин Мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 августи соли 2024 дар Остона баргузор шуда буд, пешниҳод гардид.
Ба иттилои масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назар аст, ки вазирони саноати Осиёи Марказӣ вазъ, дурнамои рушди ҳамкорӣ ва татбиқи нақшаҳои пешбинишударо дар соҳаи саноат бо назардошти иқтидори мавҷудаи захираҳои табиӣ ва таҷрибаи иштироки муштарак дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги иқтисодии минтақавӣ, роҳҳои таҳкимбахшии иқтидори истеҳсолӣ, имконоти эҷоди шарикии устувор ва инноватсионии саноатиро дар асоси технологияҳои пешрафта муҳокима намоянд. Дар поёни мулоқот имзои санади ниҳоӣ дар назар дошта шудааст.
Дар маҷмуъ дар ҷаласаи XI Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нахустин Мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ 10 кишвар, котиботи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ректорони донишгоҳҳои калони соҳавӣ ва намояндагони 18 вазорату идораҳои мамлакат иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар чаҳорчӯби чорабиниҳои гуфташуда дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Намоишгоҳи саноатӣ ташкил карда мешавад. Дар он иқтидори саноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






