Дар Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду далели вайрон намудани қоидаҳои истифодаи қувваи барқро муайян намуданд.
Тавре аз ин раёсат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, истиқоматкунандаи кӯчаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанбе Абумуслим Разоқов як муддат аз барқи ба таври ғайриқонунӣ пайвастшуда истифода намудааст. Зарари расонидаи ин сокини пойтахт 4237 сомониро ташкил медиҳад.
Сокини дигари пойтахт Зубайдулло Қурбонов, истиқоматкунандаи кӯчаи Р.Амакӣ низ берун аз ҳисобкунак неруи барқро истифода бурда, ба шабакаи таъминоти барқ 3796 сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбат ба қонунвайронкунандагон бо моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.
Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд.
Яъне нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда (1 ҳазору 500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда (3 ҳазору 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ ) то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар ин замина дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






