Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, бори нахуст таҷлил гардидани ин санаи муҳим, шаҳодати эҳтироми баланд ба нақши созандаи кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа дар мамлакат мебошад.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизион дурбинона ва созанда мебошад. Он сиёсате аст, ки барои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона, таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии мамлакат, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ мегардад.
Қабули «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» шароити мусоид фароҳам овард, ки дар он татбиқи таҷҳизоти муосири рақамӣ, навсозии студияҳо, марказҳои пахши барномаҳо ва афзоиши шабакаҳои пахши рақамӣ дар саросари мамлакат ба назар гирифта шавад.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ ба фаъолони ин соҳаҳо Сипоснома ва ҷоизаҳо супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 100 шабакаи телевизионӣ ва радиои давлатию хусусӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 15 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 39 телевизиони хусусӣ, 24 радиои хусусӣ ва 16 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии миллӣ саҳм мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






