Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» доир мегардад

Май 11, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12-14 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд

Май 11, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад