Дар Муъминобод бо иштироки оилаҳои намунавӣ озмуни «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид

Май 2, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Муъминобод даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он 7 оилаи намунавӣ аз ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар доданд.

Оила арзиши муқаддас буда, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳим мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Мақсади баргузории озмун гиромидошти арзишҳои оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббату эҳтироми якдигар ва баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ мебошад.

Баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва иқдому озмунҳои маърифатӣ ба  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону духтарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳукуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамояд.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин»  бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон

 

 

 

Май 2, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар