Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 9 анбор барои захираи пиёз фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 9 нуқтаи асосӣ- анбор барои захираи пиёз фаъолият доранд. Ин анборҳо аз тарафи соҳибкорон ва кишоварзон бо мақсади захира ва содироти маҳсулот бунёд гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
То 10 май дар анборҳои ноҳия беш аз 2100 тонна пиёзи барвақтӣ захира шудааст. Ба ноҳия асосан аз вилояти Хатлон, аз ҷумла аз ноҳияҳои Шаҳритус, Ҷайҳун ва шаҳри Турсунзода пиёз ворид карда мешавад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов анбори нуқтаи захираи пиёз фаъолият менамояд. Ин анбор соли 2016 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов таъсис ёфта, соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Анбор аз ду минтақа иборат буда, масоҳати умумияш 1,17 гектарро ташкил медиҳад.
Пиёзи дар ин анбор қабулу нигоҳдорӣ ва бандубастшуда ба Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
Дар моҳҳои май ва июн беш аз 6 ҳазор тонна пиёз дар иншоот захира гардида, ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад. Инчунин дар мавсими тирамоҳ — моҳҳои октябр ва ноябр дар анбор 1000 тонна пиёз барои зимистонгузаронӣ нигоҳ дошта мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






