Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон» ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон» — таҳти чунин унвон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии озарӣ ифтитоҳ гардид, ки то 23 май идома меёбад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоиш намунаҳои нодири ҳунару санъати Озарбойҷон, аз ҷумла «Мирзо Қодими Эривонӣ: услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар», ҳунарҳои мардумии суннатии Озарбойҷон, намоиши аксҳо таҳти унвони «Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ» ва намоиши мӯд ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар намоиш либосҳои миллӣ ва зару зевари занони озарӣ низ пешниҳод гардидаанд. Дар мусаввараҳо манзараҳои зебои шаҳрҳои Озарбойҷон, маконҳои таърихӣ ва санъати қолинбофӣ тасвир ёфтаанд.
Намоиш дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд






