Дар Сеул ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 май ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, ҳамватанони муқим ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул мусобиқаи футбол баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани ҷавонони мамлакат, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром аҳаммияти пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалиро дар мавриди ҷашнгирии Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, баён намуд.
Дар мусобиқаи футбол дастаи Донишгоҳи Шинҳан ҷойи якум, тими муштараки донишҷуёни Сеул ва Инчон ҷойи дуюм ва тими Сафорат ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд






