Дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ аз нав оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук аз нав оғоз гардиданд.
Тавре аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шаҳристони Ҳулбук яке аз ёдгориҳои Хуттали Қадим буда, ба феҳристи пешакии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Тибқи таҳлили натиҷаи таҳқиқоти солҳои пеш, ин як шаҳри ҳунармандӣ мебошад. Зеро аз он осоре, ба мисли хӯлаҳои мис, нишонаҳои курраи маъдан, ҳамчунин осори мисие, чун мех, кафлесча ва зарфҳои шикаста ба даст омадаанд.
Кашфи ин ҳама осор далели шаҳри ҳунармандӣ будани Шаҳристони Ҳулбук мебошад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






