Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти фаврӣ, то 23 май дар 435 840 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд, ки аз ин 39 426 гектар гандум мебошад.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро тоҷикон бештар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ гандум маҳсулоте аст, ки онро метавон бештар захира намуд.
Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд ҳастанд.
Ба тавсияи мутахассисон, зиёд гардидани ҳосили гандум аз кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад.
Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.
Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум нимаи август то ноябр фаро мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид






