Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.
Сипас аз ҷониби ҳунармандони озарӣ таронаю оҳанг ва рақсҳои ҷолиб пешниҳод шуданд.
Дар доираи ҳамкории фарҳангии ду мамлакат то имрӯз табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар ин гуна барномаҳо доир гардидааст. Яке аз жанрҳои фарҳанги ду давлат, ки ба ҳам наздикӣ дорад, мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ мебошад.
Дар назар аст, ки имрӯз ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак», Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шинос шавад. Инчунин дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон пешниҳод карда мешавад.
Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Инчунин дар назар аст, ки байни Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

































Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид






