Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид

Май 16, 2025 16:59

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 12 то 15 май гурӯҳи кории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори хадамот Аҳтам Абдуллозода бо фаъолият ва шароити кори иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, иҷрочиёни хадамот дар суди ҳарбии гарнизон ва суди иқтисодии вилоят аз наздик шинос шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷро хабар доданд, аз натиҷаҳои дидор ва таҳлили фаъолият нақшаи чорабиниҳои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда таҳия гардида, аз тариқи расонидани ёрии амалию методӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ қисме аз масъалаҳои ҷойдошта бартараф гардида, ба масъулин дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намудани талаботи нақшаи дастур дода шуд.

Ба иҷрочиён барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дастур дода шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии ҷумҳурӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.

Дар ин замина бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти ин санад барои гузариш ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби гурӯҳи корӣ чораҳои аввалин андешида шуда, вобаста ба ҳарчи зудтар дар амал ҷорӣ намудани ин низом аз ҷониби масъулон корбарӣ идома дорад.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2025 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд