«КӮДАКОН-ҒУНЧАҲОИ БОҒИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд

Май 29, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон (1 июн) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Кӯдакон-ғунчаҳои боғи истиқлол» бо иштироки 60  тарбиятгирандаи «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Директори Осорхонаи миллӣ  Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки «воқеан, кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонии ҳар фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Иқдоми пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд».

Дар ҳамоиш ба хотири хушҳол намудани кӯдакону наврасон ҳунармандону санъаткорони Муассисаи давлатии  «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» ва маҳфили кӯдакон бо барномаҳои ҷолибу рангин хотири дӯстрӯяконро шод намуданд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ маҳфилҳои фарҳангии «Чеҳранигор» ва нақшу нигори гулҳо дар дастон – «Ҳино» ташкил карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ барои тарбиятгирандагони ин муассиса сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуда, дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 29, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард