КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он самтҳои калидии ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва қарорҳои сиёсиро фаро мегирад

Май 31, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 31 май самтҳои калидии ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва қарорҳои сиёсиро фаро мегирад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Барномаи рӯзи дуюми конфронс мавзуъҳои пурмуҳтаворо дар бар мегирад. Ҷаласаи дуюми пленарӣ аз шаш бахши мавзуӣ, ҳамзамон ҷаласаи ҷамъбастӣ иборат мебошад.

Бахшҳои мавзуии рӯзи дуюм самтҳои калидии ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва қарорҳои сиёсиро фаро мегиранд. Инҳо, аз ҷумла мавзуъҳои зарурати мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон, пешгӯиҳо вобаста ба пиряхҳо ва имкони ҳифзи онҳо, маълумоти охирини илмӣ оид ба пиряхҳо ва криосфера, Паймон ба хотири оянда-нақши он дар раванди ҳифзи пиряхҳо, инчунин маблағгузории иқлимӣ ва сармоягузорӣ барои ҳифзи пиряхҳо мебошанд.

Дар ҷаласаи дуюми пленарӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, инчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда иштирок доранд. Онҳо дар идомаи рӯз изҳорот ва равишҳои авлавиятноки худро нисбат ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера пешниҳод менамоянд.

Ҷаласаи ниҳоии конфронс, ки дар охири рӯз баргузор мегардад, натиҷаҳои муҳокимаҳои серӯзаи конфронси байналмилалиро ҷамъбаст менамояд. Дар ҷараёни конфронс ташаббусҳои муҳиме таҳия шудаанд, ки ҳадафашон ҳифзи экосистемаҳои пиряхӣ ва таъмини ояндаи наслҳо дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 30 май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тар ва хушк содирот гардид