Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд

Май 28, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар доираи Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қасим Ал-Араҷӣ мулоқот  намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ дар масъалаи таъмини амният ва субот, инчунин мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавқеи ягона ва устувор доранд.

Котиби Шурои амнияти мамлакат Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки ҷониби  Тоҷикистон пайваста аз тадбирҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо  ниҳодҳои  Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон  тадбирҳои бетаъхир меандешад.

Мусоҳибон доир ба масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла дастгир ва ба Тоҷикистон баргардондани аъзои ташкилоту созмонҳои террористию экстремистии  дар ҷустуҷуйи байналмилалӣ қарор дошта,  табодули афкор намуданд.

Май 28, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд