Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли 2025 дар шаҳри Москва, дар ҳошияи Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва роҳандозии тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот масъалаи татбиқи марҳилаи якуми Барномаи байнидавлатии ҳадафманди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо зарурати мусоидат ба раванди амалисозии муташаккилонаи тадбирҳои пешбинишударо дар доираи ин барнома таъкид намуданд.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






