Масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар Кувайт баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри ал-Кувайт мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт Нура Сулаймон ал-Фассом, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад, доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои мавриди назар изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад






