Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва муҳофизати пиряхҳо баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим, бахусус муҳофизати пиряхҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ дар ин самт зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд. Вазири молия иброз дошт, ки Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлимӣ иқдоми назаррас анҷом медиҳад ва бо ҷалби маблағҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд лоиҳаҳои стратегиро амалӣ менамояд. Дар ин робита татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун намунаи равшани чунин иқдом иброз гардид.
Ҷонибҳо ҳамзамон барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид






