Масъалаи кушодани парвозҳо дар масири Душанбе-Пекин ва Душанбе-Сиан баррасӣ шуд

Май 13, 2025 19:20

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 май Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин Дуан Сяофенг, Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин — Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин — Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии China Southern Air Holding Company Ltd – Хуан Гофан мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Пекин – Душанбе, Душанбе – Сиан –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Баргузории чунин вохӯриҳо барои рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании мамлакат нақши муассир мегузорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти Агентӣ дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохӯриҳои судмандро ба нақша гирифтааст», — таъкид намуданд дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд