МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Вақти беҳтарин барои истеъмоли харбуза байни ду таом аст

Май 18, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз нуҳ миллион тонна харбуза истеҳсол карда мешавад. Қисми зиёди ҳосил ба таври тару тоза ба фурӯш бароварда мешавад. Дар айни замон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии харбуза оғоз гардидааст. Харбуза зироати гармидӯст буда, дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обиёришавандаю лалмии аз бориш таъмин парвариш карда мешавад.

Тоҷикистон яке аз макони парвариши харбуза ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди намуду навъҳои харбуза маҳз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон парвариш меёбад. Навъҳои парваришшавандаи харбуза дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 500 номгӯйро дар бар мегиранд.

Таркиби харбуза вобаста ба навъ ва давраи пухтарасиаш аз 8 то 23 фоиз қанд, 7-9 фоиз ангиштобҳо, миқдори зарурии витаминҳою моддаҳои минералиро дар бар мегирад. Дар таркиби харбуза миқдори оҳан назар ба шир 15-17 маротиба зиёд буда, элементҳои муҳим, ба монанди калий, калсий, хлор ва натрий мавҷуд мебошанд. Дар 100 грамм дилаи харбуза 33 калория мавҷуд буда, барои бемориҳои лоғарӣ, камхунӣ ва дилу рагҳои хунгар, тавсия дода мешавад. Он низ маҳсулоти парҳезию табобатӣ ба ҳисоб меравад.

Агар инсон хоҳад, ки баданаш неруманд шавад, бояд харбуза истеъмол намояд. Инчунин харбуза майнаи сарро бо рутубат таъмин мекунад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, барои зардпарвин фоида дорад ва сангҳои гурдаро майда карда мерезонад.

Ба андешаи мутахассисон, вақти беҳтарин барои истеъмоли он байни ду таом аст, ки таоми аввали хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фаромада бошад. Тамокукашӣ боиси паст шудани сатҳи витамини А дар бадан мегардад. Харбуза миқдори онро барқарор мекунад ва қобилияти кам кардани зарари шушро дорад. Ғайр аз он бӯи харбуза бӯи нохуши тамокуро нест мекунад. Харбуза асабҳоро ором намуда, изтиробро коҳиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон хамасола моҳи сентябр Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни харбуза ва маҳсулоти дигари  кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда пешниҳод мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 18, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид