Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 73 муассисаи нигоҳубини неонаталӣ (дастгоҳи махсус барои нигоҳубини кӯдакони навзоди бармаҳал ё камвазн) дар Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар муассисаҳои нигоҳубини неонаталӣ доир ба истифодаи таҷҳизот даврҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷониби намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 227 мошини CИПАП (таҷҳизот барои таъмини фишори пайвастаи мусбати роҳҳои нафас) ва 300 консентрати оксигенӣ бо лавозимоти иловагӣ тақдим гардид.
Ин таҷҳизоти тиббӣ ба такмил ва баланд бардоштани иқтидори соҳа дар пешниҳоди ёрии тиббии марбут ба ҳалли мушкилоти роҳҳои нафаси навзодон ва таъмини чунин таҷҳизот ба шахсони эҳтиёҷманд нигаронида шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






