Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон баргузор гардид

Май 29, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз дар доираи сафар мулоқоту музокироти Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Музокирот бо мулоқоти хоссаи Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадризо Ориф оғоз гардида, баъдан бо иштироки ҳайати васеъ идома ёфт.


Зимни музокирот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид намуданд.

Сарвазири мамлакат тавсеаи ҳамкории дучонибаро ба сиёсати созандаи Сарони ҳар ду давлат марбут дониста, тавсеаи робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва илму маориф барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.


Муҳаммадризо Ориф нақши Тоҷикистонро дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим дар олам намуна арзёбӣ карда, баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро барои пешгирии обшавии босуръати ин сарватҳои табиат ва беҳбудии ҳаёти башарият муҳиму саривақтӣ номид.

Истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда барои рушди робитаҳо, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, тақвияти фаъолияти Комиссияҳои байниҳукуматӣ, Шуро ва Кумитаи муштараки соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.


Дар идома Баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид.


Ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот 4 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб», Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон табодул карда шуд.

Дар фарҷом бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф 30 май дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир беш аз чор миллион ҷойи кор таъсис ва барқарор гардидааст
Дар Душанбе Муколамаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «80 миллион нафар, 5 кишвар, 1 овоз» доир гардид
Дар Форуми байналмилалии «Хатлон инвест-2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
БАРНОМАИ КАБУДИРЗОРКУНӢ. Дар доираи ин барнома дар Тоҷикистон ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида мешавад
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст