Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва вазъи обрасонӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 май гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиши ниҳоли пахта ва вазъи таъминот бо оби полезӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Гурӯҳи корӣ нахуст ба заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон рафта, бо ҳолати сабзиши пахта, сатҳи иҷрои коркарди байни қаторҳо ва таъмин бо оби полезӣ шинос шуд. Зимни суҳбат бо роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои пахтакор оид ба тақсими одилонаи об, таъмини техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ тавсияҳо дода шуд.
Сулаймон Зиёзода ба зарурати татбиқи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ва иҷрои ҳатмии тавсияҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ишора намуда, таъкид намуд, ки оби полезӣ зери назорати қатъии сохторҳои марбута бояд тақсим карда шавад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҳолати қубури обгузари марбут ба пойгоҳи обкашии Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Фирдавсӣ» шинос шуд. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 3 ҳазор гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Оббурдон ва Палдорак бо об таъмин карда мешаванд. Дар натиҷаи фарсудашавӣ ва кафидани қубури асосӣ таъмини об ба хоҷагиҳо ба мушкилӣ рӯбарӯ шудааст. Мақомоти дахлдор дастур гирифтанд, ки корҳои барқарорсозӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ бо ҷалби мутахассисон ва дар муҳлати кӯтоҳтарин пурра анҷом дода шаванд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини саривақтии ниёзҳои бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши манобеи об ва афзоиши талаботи соҳаи кишоварзӣ танзими босамари захираҳои об ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил ёфтааст.
Танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбута, истифодаи технологияҳои каммасрафи обёрӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунии оби полезӣ метавон ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ноил гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад






