Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд, муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, имконияту иқтидорҳои энергетикии неругоҳ шуда, ба нақши он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва дар маҷмуъ минтақа баҳои баланд дод.
Дар фарҷоми шиносоӣ Константино Чивенгаро ба Китоби ифтихории Неругоҳи барқи обии «Роғун – Кохи Нур» соядаст гузошта, аз дидани бузургтарин ва умедбахштарин иншооти энергетикии минтақа изҳори хушнудӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»











Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад






