Назорат ва пешгирии коррупсия дар соҳаи энергетика тақвият меёбад

Май 2, 2025 11:29

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Назорат ва пешгирии коррупсия дар соҳаи энергетика тақвият меёбад. Ин матлаб  дар вохӯрии кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Дар  ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода  доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ пешбинӣ менамояд, ибрози назар намуд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароите, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ  мусоидат менамоянд, сухан гуфт.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва риояи қатъии меъёрҳои хизматчии давлатӣ таъкид гардид.

Дар ҳамоиш инчунин масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва хадамоти кадрӣ ҳангоми қабули кадрҳо ба кор, махсусан дар самти омӯхтани собиқаи касбӣ ва набудани ҳолатҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2025 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад