Озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» ҷамъбаст шуд

Май 15, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба  хизматрасонии занони соҳибкор» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар маросими ҷамъбаст иброз шуд, ки озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» соли сеюм аст, ки  дар доираи Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025-и «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» гузаронида мешавад. Озмун дар асоси фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ дар соли 2024 аз рӯйи чор номинатсия — беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба занони соҳибкор, беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои занони соҳибкор, беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба занони соҳибкор ва беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии занони соҳибкор ҷамъбаст гардид.

Ҳадафи озмун аз васеъ намудани дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ иборат буд. Он ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имконият дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат менамояд.

Барои иштирок дар озмун 44 ташкилоти қарзии молиявӣ дархост пешниҳод намуд, ки аз онҳо 23 ташкилот соҳиби ҷоиза ва ифтихорнома гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 15, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад