Раймундас Кароблис: «Шурои ҷавонон барои Осиёи Марказӣ ташкил карда мешавад»

Май 30, 2025 10:11

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷавонон барои Осиёи Марказӣ ташкил карда мешавад, ки дар он  ҷавонон метавонанд нуқтаи назари худро доир ба масъалаи обу иқлим баён намоянд. Муҳлати гузоштани дархост барои иштирок дар Шуро то 15 июни соли 2025 муқаррар гардидааст. Дар ин хусус Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис 29 май зимни баргузории Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки “шумораи зиёди аҳолиро наврасону ҷавонони аз 10 то 24-сола ташкил медиҳанд. Ҷавонони асри 21, ки асри технологияи иттилоотӣ аст, донандаи илму технология мебошанд. Ба ин хотир онҳо метавонанд тағйироти бузургеро дар соҳаи обу иқлим ба миён оранд. Иттиҳоди Аврупо ҳамин гуна ташаббусҳои ҷавононро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд”.

Иброз гардид, ки пиряхҳо манбаи об барои кишоварзӣ, оби нӯшокӣ ва манбаи энергия мебошанд. Дар Тоҷикистон об ва пиряхҳо масъалаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб мераванд.

«Ин масъала моро ба ташвиш меорад, зеро тағйирёбии вазъи  ҳаво ба обшавии пиряхҳо таҳдид менамояд. Обшавии пиряхҳо ба оянда ва ҷавонон низ таъсир мерасонад. Инчунин норасоии об боиси ба вуҷуд омадани мушкилот дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сар задани бемориҳои гуногун мегардад. Аз ин рӯ барои пешгирии ин ҳолат мо бояд аз имрӯз омодагӣ бинем», -гуфт Раймундас Кароблис.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид