Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи саноат баррасӣ гардид

Май 26, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки саноат ва технологияҳои нав  дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Шумин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо таваҷҷуҳи махсусро ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона намуданд, ки  ҳадафи онҳо таҳкими иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз сатҳи ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, сохторҳо ва ширкатҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои иштирок дар нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, ки моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикию дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Май 26, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид