Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи дӯстони Эътилофи тамаддунҳои СММ гардид

Май 5, 2025 11:29

ДУШАНБЕ, 05.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи олии Эътилофи тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид Мигел Анхел Моратинос мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, зимни вохӯрӣ номаи расмӣ оид ба аъзои Гурӯҳи дӯстони Эътилофи тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мигел Анхел Моратинос супорида шуд.

Мусоҳибон оид ба дурнамои муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эътилофи тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуда, барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Май 5, 2025 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд