Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ҳаҷми боркашониро афзоиш медиҳанд

Май 25, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Се давлати Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми боркашониро тавассути роҳи оҳан афзоиш диҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъалаи афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва беҳдошти равандҳо дар нуқтаҳои байнидавлатии пайвастшавии «Оазис» ва «Сариагаш» дар мулоқоти кории сеҷонибаи намояндагони мамурияти роҳи оҳани Қазоқистон -«КТЖ-Боркашонӣ», Тоҷикистон — «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Узбекистон — «Узбекистон темир йуллари» дар Қазоқистон баррасӣ гардид.

Соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ байни Узбекистон ва Қазоқистон ба 11,5 миллион тонна расид. Таҳвили миёнаи шабонарӯзии қатораҳо тавассути нуқтаи байнидавлатии пайвастшавии «Сариагаш» дар чор моҳи аввали соли равон 26 қатораро ташкил дод. Афзоиши ҳиссаи интиқоли контейнерҳо дар самти «Чин – Осиёи Марказӣ» дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 104 фоиз зиёд шуд, ки ба 144 қатораи контейнерӣ баробар аст.

Дар мулоқоти кории сеҷонибаи намояндагони маъмурияти роҳи оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба зарурати таъмини саривақтии қабул ва содироти борҳо, афзоиши ҳиссаи интиқоли контейнерҳо ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон таъкид карда шуд.

Оид ба натиҷаи музокироти ҷонибҳо протокол ба имзо расид.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд