Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Брюсел ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук баргузор шуд, ки дар он дар радифи 186 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа ба таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, соддагардонии равандҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушди иқтидорҳои миллӣ бахшида шуда, дар он муҳимтарин масъалаҳои соҳавӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷаласа Директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо хонум Нгози Оконҷо-Ивеала доир ба зарурати тақвияти ҳамкории гумрукӣ барои рушди устувори тиҷорати байналмилалӣ таъкид намуд.
Котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук Ян Сандерс дастовардҳои созмон, фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаро барои кишварҳои аъзо шарҳ дод.
Иштирокдорони ҷаласа, масъалаҳои муҳими тавсеаи иқтидори миллии гумрукӣ, ислоҳоти тарифӣ, риояи қонунгузории байналмилалӣ ва мусоидат ба равандҳои савдои хориҷиро баррасӣ намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






