Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор (FFD4), ки дар шаҳри Севилияи Испания таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Испания Филиппи VI ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳамкории байналмилалиро ҷиҳати таъмини рушди фарогир ва устувор таъкид кард.
Дар идома Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш масъалаҳои маблағгузорӣ барои рушд, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кориро таъкид намуда, Сарвазири Испания Педро Санчесро ҳамчун Президенти Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор эълон кард.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Президенти Бонки ҷаҳонӣ, Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин рӯз дар доираи баргузории конфронс чорабинии молиявӣ таҳти унвони «Ҷалби сармоягузорӣ барои рушди устувор: мусоидат ба маблағгузории сабз ва инноватсионӣ» доир гардид, ки дар он низ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» корҳои назаррасро анҷом додааст. Аз ташкилотҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт маблағгузории худро афзоиш диҳанд.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Комиссияҳои минтақавии СММ баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба маблағгузории инноватсионӣ, ҷалби сармоя барои рушди сабз ва таҳкими ҳамгироӣ байни давлатҳо ва бахши хусусӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
Маврид ба тазаккур аст, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби маблағгузории устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллии рушди устувор мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






