Аз гармхонаҳои шаҳри Турсунзода 315 тонна помидор ва 782 тонна бодиринг ба фурӯш бароварда шудааст

Июнь 23, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода барои беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот 78 адад сардхона ва 4 адад анборхона фаъолият менамоянд, ки миқдори ҷойгиршавии маҳсулот дар сардхонаҳо 24 ҳазору 930 тоннаро ташкил медиҳад. Айни замон дар сардхонаҳо 850 тонна сабзӣ ва 10 тонна мева захира буда, ҳамарӯза ба бозорҳо содирот мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

То 8 июн аз гармхонаҳои ҳудуди шаҳр 315 тонна помидор, 782 тонна бодиринг ва 10 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ шуда, ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Кишоварзони шаҳр ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 4676 тонна ва берун аз мамлакат 3536 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудаанд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2218 тонна зиёд мебошад.

Дар шаҳри Турсунзода дар 76,89 гектар гармхонаҳо мавҷуд мебошад, ки дар таъмин намудани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза саҳми арзанда доранд. Дар ин давра дар 73, 88 гектар кишти помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироат гузаронида шудааст.

Дар панҷ моҳи соли равон, кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 12 ҳазору 882 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 198,6 миллион сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад, яъне 118 фоиз афзудааст.

Имсол кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 8763 гектар ғаладонагиҳо, 1117 гектар зироати техникӣ, 130 гектар полезӣ, 2408 гектар сабзавот, 65 гектар сабзӣ, 90 гектар карам, 601 гектар помидор, 552 гектар бодиринг, 204 гектар картошка, 601 гектар пиёз ва 251 гектар хӯроки чорво кишт намуданд.

Тибқи иттилои масъулин, кишоварзони шаҳр давоми панҷ моҳи соли равон 1492 тонна ғаладонагӣ, 344 тонна картошка, 15 ҳазору 988 тонна сабзавот, 125 тонна мевагӣ, 1052 тонна гӯшт, 7645 тонна шир ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки имрӯзҳо ҷамъоварии ғаладонагиҳо, картошка, помидору бодиринг, мевагиҳои гуногун ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад