БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин минтақаи кӯҳҳӣ садҳо километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон масофаи роҳ то 16 км кутоҳ гардида, роҳи асосӣ ба 92,34 км баробар мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи лоиҳа, сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳии Рӯшон километрҳои 371-480, ки қисми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-марзи Чин буда, ба долони нақлиётии байналмиллалӣ тааллуқ дошта, кӯтоҳтарин масири роҳ то шоҳроҳи Қароқурум ва то бандари Карочии Покистон мебошад.
Роҳи мазкур инчунин барои рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии на танҳо Бадахшон, балки дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ ва минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар мамлакат, хусусан Бадахшон, ки минтақаи баландкӯҳ ва дорои роҳҳои мушкилгузар аст садҳо километр роҳҳои мошингард бунёд ва таъмиру таҷдид гардиданд. Аз ҷумла, дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд. Тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо Чин беш аз пеш афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар сарҳад бо Афғонистон панҷ пули муосир сохта, ба истифода дода шуд ва тавассути онҳо фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шудааст.
Яке аз натиҷаҳои асосии татбиқи тарҳи сохтмон ва таҷдиди қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳии Рӯшон дар дурнамо ҳаракати пайваста ва бемамоният байни Афғонистону Чин аз як тараф ва байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ 109,5 км-ро дар бар гирифта, яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингард дар минтақа ба шумор меравад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи мазкур ва сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км, масофаи роҳ то 16 км кутоҳ гардида, роҳи асосӣ ба 92,34 км баробар мешавад.
Самараи асосии иқтисодии тарҳи мазкур, ин сарфаи хароҷот аз ҳисоби кам шудани муҳлати сафар, хароҷоти истифодаи нақлиётӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва маъданҳои кӯҳӣ, зиёд гардидани савдои дохилӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва инчунин афзоиши ҳаракати байналмилалӣ мебошад.
Дигар паёмадҳои мусбати иҷрои ин тарҳ рушди сайёҳӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи иттилои манбаъ, Фармоишгари лоиҳаи мазкур Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқкунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чанок буда, Ширкати идоракунии муштараки лоиҳа – «China Railway Design Corporation» (CRDC), машваратчии лоиҳа — Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва пудратчии лоиҳа — Ширкати Чинии «China Road & Bridge Corporation» мебошад.
Лоиҳаи мазкур 29 июни соли 2022 оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 20 сентябри соли 2028 муайян гардидааст. Муҳлати корҳои сохтмонӣ бошад аз рӯи қарордод 20 сентябри соли 2022 оғоз ва анҷоми корҳо 20 сентябри соли 2026 муқаррар шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа 200,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, 194,98 миллион доллар кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 5,82 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон ба дарозии 93 км бо 2 хати ҳаракат, 2 нақб яке 3,4 км ва дигаре 1,8 км, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии – 601,64 метр, 15 пул бо дарозии – 633,21метр ва дигар иншооти муҳандисиро дарбар мегирад.
Айни замон дар роҳи мазкур як қатор корҳо, аз ҷумла корҳои хокканӣ, хокрезӣ,таркишӣ, нақбканӣ ва бетонкунӣ дар нақбҳои №1 ва №2, бартарафкунии мумфарши қаблӣ, тоза намудани қабати ҳосилхез, такядеворҳои муҳофизатӣ ва ғайра ба анҷом расонида шудааст ва дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин иншооти муҳими стратегӣ алҳол 225 адад техникаю механизмҳо ва 910 нафар коргарону муҳандисон кор менамоянд, ки 790 нафарашро коргарони маҳаллӣ ва 120 нафарро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, мутобиқи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шуда истодааст, ки дар оянда барои ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон ва мавзеи ҷолиби сайёҳон мубаддал гардонидани Бадахшон мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон