Байни минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд»-и Тоҷикистон ва «Воронеж»-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 4, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии  «Суғд»-и Тоҷикистон  ва  Минтақаи озоди иқтисодии «Воронеж»-и Русия, инчунин  Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Воронеж созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Созишномаҳои мазкур  30 май зимни вохӯрии  Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев, ки дар Русия баргузор гардид, ба имзо расонида шуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки  соҳибкорону намояндагони вилояти Суғд  бо мақсади табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ  дар Федератсияи Русия қарор дорад. Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар бо корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои «Пятёрочка», корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои «Global Drinks», корхонаи «Кобил-Груп» ва ширкати «Масленица» шинос гардид.

Ҳамчунин ҳайати вилояти Суғд бо Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор вохӯрӣ намуд. Дар  ин мулоқот  ҷонибҳо доир ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва  маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ  барои рушди ҳамкорӣ  ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳайати вилояти Суғд бо маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ низ шинос мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 4, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд