Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.
Дар чорабинӣ доир ба нақши муассири абармарди арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёди давлатдории навини тоҷик ибрози назар гардид.
Таъкид шуд, ки ҳар як сокини мамлакатро мебояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намуда, аз қадру манзалат ва номи бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намояд.
Иброз гардид, ки воқеан Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дарки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандустӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарварад.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ, тарғиби ғояҳои миллӣ ва урфу оддатҳои аҷдодӣ, инчунин ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва дар ин замина ба ҷо овардани ҳамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, ки ба ваҳдати миллӣ оварда мерасонад, андешаронӣ намуданд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






