Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 28–умин солагарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат- бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон атрофи мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, аҳамияти онро барои имрӯзу фардои мамлакат шарҳ доданд.
Директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург якҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Изҳор гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва аз файзи Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳ ба таҳқиқу омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик боз ҳам вусъати тоза пайдо намуд. Арҷгузорӣ ба дастовардҳои таърихию фарҳангии миллат, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷашни ёдгориҳои нодир ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ, қабули барномаҳои мукаммали давлатӣ баҳри ҳифзу нигаҳдошти осори бостонию фарҳангӣ, муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ дар дохил ва беруни мамлакат боиси бедорӣ ва худшиносии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ гардиданд.
Ҳанӯз аз давраи оғози Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоссаро ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона намуда буд, зеро дар акси ҳол аз байн рафтани аслияти фарҳанг, хусусияти хоса, ягонагӣ ва худшиносии миллӣ таҳдид менамуд.
Маҳз бо назардошти муҳимияти ин масъала дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба тасвиб расидааст.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






