Дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Озмоишгоҳҳои технологияи металлҳои қиматбаҳо кушода шуд

Июнь 12, 2025 08:21

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чин «Озмоишгоҳи технологияи металлҳои қиматбаҳо ва коркарди ҷавоҳирот—барои таълим ва пажӯҳиш дар соҳаи саноати заргарӣ» ва озмоишгоҳи «Санҷишӣ металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо—барои корҳои таҷрибавӣ ва илмии марбут ба металлургияи ранга ва экспертизаӣ сангҳои қимматбаҳо» бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Таъсиси озмошигоҳҳои наву замонавӣ ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои муосир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30 майи соли 2024 баргузор шуд, амалӣ гардида истодааст.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳангоми ифтитоҳи озмоишгоҳ иброз намуд, ки бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ ва дурнамои онҳо дар рушди соҳаи илм ва амалисозии ҳадафи чоруми миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–саноатикунонии мамлакат муҳим мебошад.

Ҳамазмон иброз гардид, ки бо назардошти аҳамияти муҳими соҳаи саноат дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмин намудани ҷойҳои корӣ солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади коркард намудани металлҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ соли 2018 дар базаи моддию техникии кафедраи металлургияи донишкада ихтисоси нав 1-520201-Технология ва таҷҳизоти заргарӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин, соли 2021 доир ба самти технологияи заргарӣ озмоишгоҳҳои «Сайқалдиҳии сангҳои қимматбаҳо» бо тамоми шароити замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он донишҷӯён корҳои эҷодии худро бе ягон мамоният иҷро менамоянд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд