Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил гардид

Июнь 22, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодони мо-тоҷикон ҷашни расиши гандум, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон — Тиргон таҷлил гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони  баргузории ин ҷашн — Муассисаи давлатии «Боғи Ирам».

Дар даромадгоҳи «Боғи Ирам» дастранҷи кишоварзон бо пешниҳоди навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда — афшура, шарбат, обмева, инчунин  олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз қабили  тарбузу харбуз, хушкмеваҳои гунонун ва  дигар маҳсули истеҳсолнамудани кишоварзон ба намоиш гузошта шудааст.

Дар макони баргузории ҷашн  намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил гардид, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар ин ҷо на танҳо имкони тамошои неъматҳои табии Тоҷикистонро доштанд, балки   маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуда, аз пуршукуҳ баргузор шудани  ин ҷашни бостонӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ  гуфта шуд, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд».

«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд», — афзуд муовини Сарвазири мамлакат.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар қатори ҷашнҳои бостонии ниёгон ба Ҷашни Тиргон низ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Дар назди пажӯҳандагон масъала гузошта шуд, ки ҷашнҳои ниёгонро бо нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».

Ҳадафи баргузории ҷашни  Тиргон инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, то 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 208 395 ҳазор гектар боғу токзорҳо мавҷуд буда, зиёда аз 68 ҳазор гектари онро боғҳои зардолу мебошад, ки 54,3 ҳазор гектарро мевадиҳанда ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли меваҳои тару тоза то аввали моҳи июни соли равон 44,5 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла,  истеҳсоли зардолу 27,3 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 тонна зиёд мебошад.

Дар панҷмоҳи соли равон 10,8 ҳазор тонна маҳсулоти тару тоза ба хориҷи мамлкат содирот шудааст, ки маблағи он 4,2 миллион доллар мебошад. Аз ҷумла 5,6 ҳазор тонна зардолу содирот карда шудааст. Инчунин содироти хушкмеваҳо 41,4 ҳазор тонна ба маблағи 15,7 миллион доллар буда, аз он ҷумла зардолуи хушк 11,2 ҳазор тонна ба маблағи 9,0 миллион доллар мебошад.

Ҳамчунин содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 ҳазор тонна ба маблағи 1,5 миллион доллар зиёд мебошад.

Дар охир иштирокдорони фаъол бо Дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 94 фоизи ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ таъмин карда мешавад
«S&P Global Ratings рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро бо дурнамои «устувор» тасдиқ намуд
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» бо сафирони Чин, Туркия ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Татбиқи барномаҳои миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ карда шуд
Кишти чигит бо усули обёрии зери плёнка дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор гектарро ташкил медиҳад
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рамзи расмии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»-ро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Дар Алмато ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Дар Хуҷанд ҷаласа оид ба ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқ доир гардид
Ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ доир шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Вазорати нақлиёт амалиёти молиявӣ тавассути низоми TFMIS SGB.net гузаронида мешавад
Дар Бадахшон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид