Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки беш аз 500 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадафи баргузории 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд».
«Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Ёдовар мешавем, ки дар тули фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон натиҷаҳои назаррасу қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Дар заминаи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни фаъоли Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон Диплом ва Сипосномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






