Дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2025 таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ карда шуд

Июнь 23, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2025 таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар доираи Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт Петербург-2025 дар форуми ҷаласавии кишварҳои «БРИКС+» дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ» сухан намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ташкили экосистемаи устувор ҷиҳати рушди самтҳои инноватсия ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», иродаи сиёсати кишварро барои рақамикунонии занҷиравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа инъикос мекунад», — афзуд Хуршед Мирзо.

Ҳамзамон, дастовардҳо ва кӯшишҳои Тоҷикистон дар пешбурди технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ ва ба аҳамияти онҳо дар рушди соҳаҳои гуногун таъкид гардид. Иштирокчиён саҳми назарраси Тоҷикистонро дар низомҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии зеҳни сунъӣ эътироф карданд.

Мавзуъи меҳварии Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт Петербург-2025 — Арзишҳои муштарак – таҳкурсии рушд дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» («Common Values – The Foundation of Growthin a Multipolar World») арзёбӣ гардид. Инчунин, дар доираи форуми глобалӣ форумҳои ҷаласавии Созмони ҳамкории Шанхай, БРИКС +, G20, саноати эҷодӣ ва саноати дорусозӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони беш аз 140 кишвар, аз ҷумла намояндагони воломақом, роҳбарон ва намояндагони давлатии кишварҳо, бахши хусусӣ иштирок намуданд. Ҳузури васеи намояндагони байналмилалӣ шаҳодати таваҷҷуҳи афзоянда атрофи мавзуъҳои баррасишаванда дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ мебошад.

Мавриди ёдоварист, ки баргузор гардидани чунин ҳамоиш рӯйдоди муҳим дар муҳокимаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор ва муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ дар байни кишварҳои иштирокчӣ маҳсуб меёбад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид