Дар Хадамоти гумрук масъалаи ҷалби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ баррасӣ гардид

Июнь 11, 2025 13:45

 ДУШАНБЕ,11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои ҷалби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо коршиноси байналмилалӣ дар масъалаи Институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ Ричард Чопра дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамзамон  истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ матраҳ шуд.

Бояд гуфт, ки соли 2023 дар шаҳри Москва дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид. Дар ин росто, изҳори омодагии мақомоти гумрук ҷиҳати бастани чунин шартномаҳо бо дигар кишварҳо дар мулоқот таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи Созмони ҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ворид гардида, боби нав 81 оид ба ҷорӣ намудани консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» (Иштирокчии боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) илова карда шуд.

Боби мазкур мафҳуми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ», шартҳои додани мақоми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» ба шахси ҳуқуқӣ, дохил намудани он ба Феҳрист, додани шаҳодатнома, бозхондани он, соддагардонии махсуси ба «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» пешниҳодшаванда ва дигар масъалаҳо марбут ба танзимгари ваколатдори иқтисодиро дар бар мегирад.

Мутобиқи меъёри мазкур,  дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешавад, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба «руйхати сафед» ворид карда мешаванд.

Иштирокчиёни боэътимоди бозор, ки мақоми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ»-ро мегиранд, дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ аз соддагардонии махсус, аз ҷумла анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи  гумрукӣ, нигаҳдории муваққатии мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ, иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ, анҷом додани амалиёти гумрукӣ марбут ба иҷозати мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ, пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ ва ҳангоми иҷозати моле, ки нисбати он дорандаи мақом ҳамчун декларант баромад мекунад, бархӯрдор мегарданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд