Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳияти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар вохӯрие, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, тавзеҳ дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки ҳадафи аслии ин қонунҳои миллӣ пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ,
зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин аз байн бурдани хурофот ва амалҳои номуносиб мебошад.
Корманди масъули Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меъёрҳои асосии қонунҳои миллӣ маълумот дода, хотиррасон намуд, ки ки тибқи моддаи 12 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тӯйи домодию арӯсӣ метавонад бо баргузории на бештар аз ду маърака ва дар давоми ду рӯз анҷом дода шавад. Зиёфат барои то 150 нафар ва оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб иҷозат дода мешавад.
Тибқи моддаи 14-и ҳамин қонун, маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон баргузор гардида, маросимҳои се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом, инчунин ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист ва шашмоҳагӣ манъ мебошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати мамлакат оид ба татбиқи самараноки меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ табодули назар намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






