Дар Суғд дар мавзуи ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об»- таҳти чунин унвон барои устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд, ки дар соҳаи об мутахассис омода менамоянд, дар шаҳри Гулистон машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони машғулияти омӯзишӣ буда, дар доираи он аз ҷониби коршиносон ба шунавандагон дар мавзуъҳои «Ҳамкории минтақавӣ дар дарёҳои фаромарзӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи об» ва «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.
Татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, аз ҳадафҳои асосии машғулияти омӯзишӣ мебошад.
Машғулият ба баланд бардоштан ва такмили дониш ва малакаи иштирокдорон дар самти таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ, татбиқи ҳуқуқи байналмилалӣ дар идоракунии захираҳои об ва роҳандозии равишҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об равона гардидааст.
Машғуляити омӯзишӣ то 18 июн идома меёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






