Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид

Июнь 10, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварӣ ангур оғоз гардид. Аз ҷумла, дар ноҳия Дӯстӣ  чанд рӯз аст, ки хоҷагиҳои ангурпарвар ҳосили рӯёндаашонро   ба бозорҳои мамлакат барои фурӯш пешниҳод мекунанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Навъи ангуре, ки ба ҷамъоварии он шуруъ карданд,  бо номи «Ҳисори тезпазак» маъмул аст. Он асосан дар минтақаҳои гарми мамлакат парвариш меёбад. Ин навъи ангур аз дигар ангурҳо бо шакл ва ранг фарқ мекунад.

Дар  ноҳия Дӯстӣ хоҷагии деҳқонии «Регар-Дӯстӣ» фаъолият мекунад. Ин хоҷагӣ дорои 3 гектар замин буда, асосан ба ангурпарварӣ машғул мебошад. Айни замон  аъзои хоҷагӣ   ба ҷамъоварии   ангур  шуруъ кардаанд. Дар ин хоҷагӣ  ангур бо усулҳои нави агротехникӣ парвариш меёбад, ки ҳосили фаровон дорад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия хоҷагии деҳқонии «Ёдгорҷон» фаъолият мекунад. Ин хоҷагӣ дорои 3,74 гектар замин буда, дар он 3 гектар пахта, 0,5 гектар гандум ва 0,24 гектар картошка кишт шудааст.

Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ барои гирифтани ҳосили фаровон ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои судманд  меандешанд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 10, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид