Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 мубориза мебарад

Июнь 16, 2025 08:47

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола ба анҷом расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) бо дастаи Қирғизистон 1:1 бозиро мусовӣ кард. Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон якхела – 4 холӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо, бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол намуданд, ки ҳамакнун дар рақобати ниҳоии чемпионати CAFA-2025 бо дастаи Эрон вомехӯранд. Тими Эрон дар навбати худ ғолиби гурӯҳи «В» гардид.

Мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо дастаи Узбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ 16 июн дар Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мешавад.

Бозии ниҳоии Чемпионати CAFA-2025 байни тимҳои ҷавонони Қирғизистону Эрон 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд