Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»

Июнь 29, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондод дар муқоиса бо соли 1993 5 баробар зиёд буда, далели рушди устувори саноат дар минтақа мебошад. Дар ин хусус 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 дар вилоят 45 коргоҳу корхонаи нав таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ аз 13 ба 183 ва номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 намуд ба 70 намуд расидааст», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки рушди соҳаи саноат омили калидии ноилшавӣ ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум маҳсуб мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид