Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, вилоят яке аз минтақаҳои нотакрору дорои имконоти васеъ барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки табиати зебо, фарҳанги қадимӣ ва ҷойҳои таърихию фарҳангии ин минтақа сол то сол таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ҷалб менамояд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, соли гузашта ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ҳазор сайёҳ ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2021 — 13 баробар бештар мебошад.
Ин нишондиҳанда афзоиши ҷиддии таваҷҷуҳи дохиливу хориҷӣ ба имконоти сайёҳии вилоятро нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят таъкид карданд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби шумораи бештари сайёҳон, инчунин тақвияти шабакаҳои коммуникатсионӣ аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра маҳсуб ёфта, дар ин самт зарур аст иҷрои тадбирҳои иловагӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҳамоҳангии вазорату идораҳои марбута ба роҳ монда шавад.
Рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят метавонад ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, муаррифии имконоти табиӣ ва фарҳангии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди иқтисоди сабз мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






