Хабарнигорони АМИТ «Ховар» бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» соли 2011 расман ба фаъолият шуруъ намуда, то имрӯз теъдоди умумии субъектҳои он 18 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 10 субъекти истеҳсолӣ, 3 субъекти хизматрасон ва 4 субъекти тиҷоратӣ мебошанд.
Агар дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» соли 2024 ҳамагӣ 6 субъекти нав, аз ҷумла ҶДММ “Ширкати логистикии истеҳсолии Роҳи абрешими Панҷ” – оид ба истеҳсол ва тиҷорати мошинҳои боркаш ва сигаретҳои электронӣ, ҶДДМ «Неруи нави Панҷ» – оид ба истеҳсоли генераторҳои барқӣ, ҶДММ «Самти сабз» – оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 50 мВт, ҶДММ «Парки миллии саноатии Тоҷикистон Панҷ Ляолин» – Ширкати идоракунанда, ҶДММ «Ширкати технологии Панҷ Синъюэ» – оид ба истеҳсоли асбобҳои равшаникунанда ва ҶДММ «Ширкати сармоягузории Панҷу Шентян» – оид ба истеҳсоли маҳсулоти керамикӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, пас дар соли 2025 дар нақша ҳаст, ки шумораи субъектҳои нав ба 7 адад расонида шаванд.
Тавре роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Бузургмеҳр Каримзода иттилоъ дод, маъмурият дар доираи уҳдадориҳо бо якчанд сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ҷиҳати ҷалби сармоя корбарӣ намуда истодаанд.
«Дар соли 2024 ҷалби сармоя аз ҳисоби корҳои иҷрогардида ва воридоти таҷҳизоти субъектҳои минтақа ба 3 млн 101,4 ҳазор сомонӣ расид ва дар нақша ҳаст, ки бо иҷрошавии лоиҳаҳои татбиқшудаистода, нишондиҳандаҳо боз ҳам бештар гарданд», — афзуд Бузургмеҳр Каримзода.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба ҳолати якуми майи соли 2025, 18 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 6 адади он бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва боқимонда бо сармоягузории соҳибкорони хориҷӣ фаъолият доранд. Ҳаҷми умумии сармоя ва маблағгузории субъектҳо аз аввали давраи фаъолияти минтақа ба 69 миллиону 356 ҳазор баробар шуд».
Бузургмеҳр Каримзода ҳамчунин иттилоъ дод¸ ки «истеҳсоли маҳсулоти саноатии субъектҳои минтақаи мазкур дар соли 2024 ба 26,4 млн. сомонӣ расид, ки ин рақам дар соли 2023 маблағи 31,5 млн сомониро ташкил медод. Давоми 5 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11, 2 млн сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, зиёд мебошад. Ҳаҷми пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ бошад, ба 466,6 ҳаз. сомонӣ расид, ки ин рақам дар соли 2023 маблағи 284,5 ҳазор сомониро ташкил менамуд» .
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» баҳри ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, зиёда аз 20 вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо сармоягузорони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия ва сармоягузорони ватанӣ гузаронида, барои идомаи фаъолият бо онҳо тадбирҳои муҳим андешидааст. Ҳамчунин дар ҳама чорабиниҳои вазорату идораҳо, ки баҳри ҷалби сармоя гузаронида мешавад, иштирок менамояд.
Зимни суҳбат бо хабарнигорон муовини якуми роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Сафаралӣ Тайфурзода илова кард, ки «яке аз он корхонаҳое, ки имрӯз дар минтақаи мазкур фаъолияти назаррас дорад, ин ҶСП «Фон-Дарё» мебошад.
Ин корхона, ки фаъолияти худро аз соли 2017 бо сармоягузории соҳибкори ватанӣ амалӣ намуда истодааст, бо ворид намудани маҳсулоти хом аз Федератсияи Русия ба коркард ва истеҳсоли намудҳои гуногуни сӯзишворӣ машғул мебошад.
«Самти фаъолияти корхона коркарди нафт ва маҳсулоти нафтӣ буда, ҳаҷми сармоягузорӣ 600 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи он то 20 ҳазор тоннаро дар бар гирифта, маҳсулоти истеҳсолгардида, барои содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст. Айни замон 28 нафар сокини маҳаллӣ дар ҶСП «Фон-Дарё» ба кор машғул мебошад ва дар оянда бо васеъ намудани иқтидори фаъолият, шумораи кормандон боз бештар карда мешаванд» — изҳор дошт ӯ.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» низ ба мисли дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳо аз лиҳози пардохти ҳаққи андоз ва боҷҳои гумрукӣ, пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати аз қайди давлатӣ гузаштани тамоми субъектҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Маъмурияти ин минтақа талош бар он доранд, ки бештар лоиҳаҳо ва сармоягузоронеро барои фаъолият ҷалб намоянд, ки ба истеҳсолот машғул мебошанд ва маҳсулоти онҳо дар баробари воридотивазкунанда будан, ҳамчунин ба содирот нигаронида шуда бошад.
«Ҷиҳати ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорон ба минтақа тамоми имокниятҳои мавҷуда истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, дар радифи фаъолияти сомонаи минтақа, ки тамоми маълумоти муҳим дар он ҷойгир карда мешавад, ҳамчунин бо панҷ забон буклетҳои иттилоотӣ ба нашр расонида шудаанд, ки ба аҳолӣ ва соҳибкорон дастрас гардидаанд» — афзуд Сафаралӣ Тайфурзода.
Масъули ҶДММ «Хайрхоҳ тамаддун» Шоҳмаҳмуд Назарӣ аз зумраи соҳибкорони хориҷиест, ки бо назардошти имконияти хуб дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», ин ҷоро барои фаъолият интихоб намудааст. Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб ба истеҳсоли маводи шустушӯӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни собун ва хокаи шустушӯӣ машғул мебошад.
«Маҳсулоти хомро аз давлатҳои хориҷӣ ба мисли Индонезия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас намуда, дар корхона онро коркард ва дар шакли маҳсулоти тайёр ба бозор пешниҳод менамоем. Айни замон дар ҶДММ «Хайрхоҳ тамаддун» 25 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Тасмим гирифтаем, ки ояндаи наздик бо васеъ намудани фаъолияти корхона, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандонро зиёд намоем. Маҳсулоти корхона дар баробари бозорҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамчунин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ содирот карда мешавад» — иброз дошт Шоҳмаҳмуд Назарӣ.
Масъули ҶДММ «Хайрхоҳ тамаддун» дигар соҳибкоронро давъат намуд, ки аз имкониятҳо ва имтиёзҳои зиёди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба таври васеъ истифода бурда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул шаванд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» субъектҳое, ки дар ҳудуди чунин минтақаҳо фаъолият менамоянд, аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархурдор мебошанд. Аз ҷумла, ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд. Ҳамчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи идоракунии сарҳад (фазаи III) ва бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) як гуруҳ рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» сафар намуда, бо фаъолияти корхонаҳои ҳудуди ин минтақа шинос шуданд.
Саидҷаъфар АШУРЗОДА,
Абдулмуъмин РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»